Ссылки доступа

Дар порлумони Қирғизистон пешниҳод доранд, шаҳрвандони ин кишвар бе бимаи ҳатмии тиббӣ ба хориҷ нараванд


Экмат Байбакпоев, вакили порлумони Қирғизистон тарҳи қонун "Дар бораи бимаи ҳатмии ҳаёт ва сиҳатии шаҳрвандони Қирғизистон, ки ба хориҷ мераванд"-ро ба баррасии умум гузошт.

Дар ҳуҷҷат омадааст, қирғизистониҳо вазифадор мешаванд, ки ҳангоми ба хориҷ аз кишвар рафтан ҳаёт ва сиҳатии худро бима кунанд.

"Шаҳрвандони Қирғизистон вазифадоранд, ки ҳангоми убури марз шартномаи бимаро ба гумрукчиён нишон диҳанд. Марзбонон салоҳият хоҳанд дошт, ки шаҳрвандонро дар сурати надоштани бима аз марз гардонанд", - омадааст дар ҳуҷҷат.

Вакили порлумон гуфт, ки ҳадафи тарҳ кам кардани харҷҳои буҷаи давлатӣ аст. Ба иттилои Хадамоти давлатии муҳоҷирати Қирғизистон, дар соли 2019 аз буҷаи давлатӣ 14,4 млн сом барои интиқоли тобути қирғизистониҳо сарф шудааст.

"Ҳамасола дар хориҷ аз кишвар наздики 300 ҳамватани мо мефавтад. Интиқоли тобут аз хориҷ ба ватан гарон аст. Аз соли 2018 ба ин тараф аз буҷаи давлат барои ҳар тобут 50 ҳазор сом ҷудо мешавад, ки ин маблағ кофӣ нест", - гуфтааст вакили порлумони Қирғизистон.

Ба иттилои ғайрирасмӣ, наздики 1 миллион қирғизистонӣ асосан дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG