Ссылки доступа

Расонаҳо роҳҳои сарватандузии хеши президенти Туркманистонро ошкор карданд


Хоҳарзодаи президенти Туркманистон аз буҳрони ғизоии кишвар сарват меандузад. Дар ин бора дар як таҳқиқоти рӯзноманигории муштараки сомонаҳои Turkmen.news, Gundogar ва OCCRP хабар дода шудааст.

Ба иттилои рӯзноманигорон, Ҳоҷимурод Раҷабови 39-сола, писари хоҳари Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон бо ташкили ширкати бритониёии Greatcom Trade шартномаҳои давлатии воридоти ғизоро ба Туркманистон соҳиб шудааст.

Моҳи марти соли 2016 Бердимуҳаммадов бо содир кардани як фармон ҳукуматро вазифадор карда буд, ки танҳо тавассути ширкати Greatcom Trade аз хориҷ ғизо ворид кунад. Ин ширкат бояд аз хориҷ шакар, гӯшти мурғ ва равған биорад. Маблағи шартнома 27,5 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки дар Туркманистон буҳрони шадиди ғизоӣ ҳукмфармост. Сокинон иҷоза доранд, ки танҳо бо меъёр ва аз мағозаҳои наздики манзилашон ғизо бихаранд.

Вабои коронавирус ин буҳронро амиқтар кард. Ҳанӯз маълум нест, ки мақомоти Туркманистон ба таҳқиқоти рӯзноманигорӣ вокуниш кардаанд ё хайр.

XS
SM
MD
LG