Як моҳи пеш, рӯзи 14 апрел, ба муносибати 73-солагии истиқлоли Исроил девори меҳмонхонаи "Узбекистон" бо акси парчами Исроил оро дода шуд. Масъулони меҳмонхона гуфтанд, мунакис шудани парчами Исроил дар девори меҳмонхона бо ҳаводиси кунунии Шарқи Наздик рабте надорад.
Як масъули меҳмонхона гуфт, бо сафорати Исроил дар Узбекистон созишнома баста шудааст. "Мо акси парчамеро мунакис кардаем, ки Узбекистон бо он муносибатҳои дипломатӣ дорад. Ин амал дар доираи қонун сурат мегирад", - гуфт масъули меҳмонхона.
Хушунати Исроил бо Фаластин панҷ рӯз аст, ки идома дорад. Аз рӯзи душанбе то ин замон бештар 100 фаластинӣ кушта шудааст. Кушташудаҳо миёни исроилиҳо ба 8 кас мерасад. Ҳаводиси ахири Навори Ғазза аз соли 2014 ба ин тараф пурталафоттарин таниш унвон мешавад.