Ссылки доступа

Дар Андиҷони Узбекистон кормандони як бонкро иҷборан бе истироҳат кор мефармоянд


Бонки тиҷоратии "Агробонк"-и Узбекистон бо ҳадафи баргардонии қарз аз сокинони кормандони бонкро маҷбур дорад, ки бештар аз соати муайяншудаи рӯзи корӣ ва дар рӯзҳои истироҳат кор кунанд.

Як намояндаи "Агробонк" дар вилояти Андиҷони он кишвар аз меъёр зиёд кор фармудани коргаронро тасдиқ кард. Вай гуфт, ба далели вазъи нохуби иқтисодӣ маҷбур шудаанд, ки чунин тасмим гиранд.

"Роҳбарияти бонк ба кормандон фишор меорад. Аз онҳо талаб мекунад, ки бо истифода аз ҳамаи василаҳо қарзҳоро баргардонанд. Дар сурати иҷро накардани дастур аз кор озод карда мешаванд", - гуфт як корманди бонк ба шарти ифшо нашудани номаш.

Як масъули бонк бидуни зикри номаш гуфт, қарзҳое, ки дар доираи барномаи давлатӣ ба сокинон дода шуд, бидуни гарав тақсим шудааст ва ҳамакнун баргардонии онҳо мушкил аст.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 12 май дар як ҷаласа гуфт, қарзҳое, ки дар доираи барномаи давлатӣ барои соҳибкории сокинон дода шуда буданд, ба мушкили бонкҳо табдил шудаанд. Мирзиёев ба масъулон дастур дод, ки то охири соли ҷорӣ ҳамаи қарзҳо аз сокинон баргардонида шаванд.

XS
SM
MD
LG