Дар ин бора Расул Кушербоев, узви Маҷлиси Олии Узбекистон хабар дод.
Аз вакиле, ки дахлнопазириаш бекор шудааст, Ш. Каримов ном бурда мешавад.
Вакили мудофеъ Саидалӣ Мухторалиев мегӯяд, дар ҷаласаи маҷлиси шаҳрӣ, ки дахлнопазирии вакил бекор шуд, танҳо як масъала баррасӣ гардида буд. Он ҳам: "бекор кардани дахнопазирии вакиле, ки зидди қарори ҳокими шаҳр баромад кард ва талаб кард, ки сатҳи саводи додситони шаҳр санҷида шавад".