Дар натиҷа қарори Комисияи интихоботии ҳавзаи Бишкек дар бораи бекор кардани натиҷаҳои интихобот бе тағйир боқӣ гузошта шуд.
Комисияи ҳавзаи Бишкек рӯзи 12 май натиҷаҳои интихоботи маҳаллиеро бекор кард, ки рӯзи 11 апрел баргузор шуда буд.
Барои 45 курсии маҷлиси шаҳрии Бишкек 1820 номзад аз 25 ҳизб мубориза мебурданд. Дар натиҷаи шумориши овозҳо танҳо 6 ҳизб вориди порлумон шуданд. Баъдтар Комисияи интихоботии ҳавзаи Бишкек бо бекор кардани раъйи бархе аз ҳизбҳо натиҷаҳои интихоботро комилан бекор кард.