Ссылки доступа

Вазири пешини рушди рақамии Қирғизистон бо гумони талаби пора то 20 июл ба ҳабс гирифта шуд


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон Азамат Дийканбоев, вазири пешини рушди рақамии Қирғизистонро то рӯзи 20 июл ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Дийканбоев дар талаби пора аз як шаҳрванди Чин айбдор мешавад. Дар ин бора Кайсин Абакиров, вакили мудофеи вазири пешин хабар дод.

Вакили мудофеъ гуфт, Дийканбоев худро айбдор намеҳисобад ва парвандаашро "фармоиши сиёсӣ" медонад.

"Ба иттилои тафтишот, Азамат Дийканбоев аз як шаҳрванди Чин ба маблағи 2 миллиону 600 ҳазор сом пора талаб кардааст. Тафтишот мегӯяд, ин маблағ ба хотири тамдиди шартномаи ширкати чинӣ будааст, ки ба амалисозии тарҳи "Шаҳри бехатар" машғул аст", - гуфт вакили мудофеъ.

Аммо вакил мегӯяд, Азамат Дийканбоев ба хотири он шартномаро тамдид накардааст, ки ҳаққи тамдид карданро надошт.

Дийканбоев рӯзи 5 май вазири рушди рақамии Қирғизистон таъйин шуд.

Бо як фармони Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон ӯро рӯзи 20 май аз мақом озод карданд.

XS
SM
MD
LG