Ссылки доступа

Девони вазирони Исроил ва Ҳаммос созиши оташбас ҳосил карданд


Девони вазирони Исроил қатъи мушакборони Ғаззаро тасдиқ кард. Дар ин бора расонаҳои Исроил иттилоъ доданд.

Рӯзи панҷшанбе расонаҳо навиштанд, ки Исроил ба миёнарави мисрӣ дар бораи тасмими қатъи ҷанг хабар додааст.

Як манбаъ аз Ҳаммос ба расонаҳои Лубнон гуфтааст, созиши оташбас баъди гуфтугӯи президенти ИМА Ҷо Байден бо сарвазири Исроил Бинямин Натаняҳу ҳосил шудааст. Гуфта мешавад, Байден ба Нетаняҳу фишор овардааст.

Дар Шарқи Наздик мушакборони Ғазза аз сӯи Исроил ва партоби мушак ба Исроил аз сӯи гуруҳи Ҳаммос аз Ғазза рӯзи 10 май шуруъ шуд. Аз Ғазза ба Исроил бештар аз чаҳор ҳазор мушак партоб шудааст, ки теъдоди ками онҳо ба ҳадаф расидаанд. Дар Исроил 10 кас дар натиҷаи ин зарбаҳо кушта шуд.

Дар натиҷаи мушакборони Исроил ба Навори Ғазза бештар аз 220 фаластинӣ кушта шуд.

XS
SM
MD
LG