Пулиси Русия ариза дар бораи нопадид шудани ӯро пазируфтааст. Раҳматҷони Маҳмадҷон пештар аз таҳдидҳо ва таъқибҳои афроди ношинос шикоят дошт.
"Гуруҳи 24" соли 2012 таъсис ва соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон созмони тундгаро эълом шуд. Баъди он дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигар даҳҳо касро бо айби ҳамкорӣ ва узвияти ин гуруҳ боздошту зиндонӣ карданд. Умаралӣ Қувватов, муассиси ин гуруҳ соли 2015 дар Туркия кушта шуд.
Раҳматҷони Маҳмадҷон дар суҳбатҳояш аз минбарҳои гуногуни созмонҳои байналхалқӣ борҳо ҳукумати Тоҷикистонро танқид кардааст.
Ҳамсафони Раҳматҷони Маҳмадҷон нигаронанд, ки ӯро ба Тоҷикистон истирдод хоҳанд кард. Ин фаъоли "Гуруҳи 24" соли 2018 шаҳрвандии Русияро дарёфт кардааст.