Дар ин бора созмони байнулмилалии Oxfam бо такя ба маълумоти People Vaccineʼs Alliance хабар дод. Маълумот рӯзи 21-уми май нашр шуд.
Бино ба ҳисобҳои созмон, дороии мудири ширкати амрикоии Moderna Стефан Бансел то 4,3 миллиард доллар ва сарвати мудири кулли BioNTech-и Олмон Угур Шоҳин то 4 миллиард афзоиш ёфтааст.
Ба рӯйхати миллиардерҳои нав чаҳор нафари дигари марбут ба Moderna – иммунолог Тимоти Спрингер (2,2 миллиард доллар), раиси шӯрои мудирон Ноубар Афеян (1,9 миллиард доллар), роҳбари ширкате, ки ваксинаро бастабандӣ мекунад, Хуан Лопес-Белмонте (1,8 миллиард доллар) ва донишманд Роберт Лангер (1,6 миллиард) – шомил шудаанд.
Се миллиардери дигар ҳаммуассиси ширкати чинии CanSino Biologics мебошанд, ки ваксинаи Convidicea-ро месозад. Сарвати онҳо аз 1 то 1,3 миллиард доллар ҳисоб шудааст.
Созмони Oxfam мегӯяд, сарвати якҷояи ин нӯҳ миллиардер барои эмгузаронии 780 миллион нафар дар кишварҳое, ки Созмони Милали Муттаҳид даромади аҳолиашро камтар арзёбӣ мекунад, кофӣ аст.