Ссылки доступа

Баъди кофтукоби вакилон додситонии шаҳри Андиҷони Узбекистон барканор шуд


Қурбоналӣ Аскаров, додситони шаҳри Андиҷони Узбекистон аз мақом барканор шуд. Фармони барканории ӯро додситони кулли Узбекистон рӯзи 21 май имзо кард.

Барканории Аскаров дар ҳолест, ки рӯзи 17 май ҳангоми ҷаласаи маҷлиси шаҳрии Андиҷон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бархе аз вакилонро кофтукоб карданд.

Аз додситонии кулли Узбекистон гуфтанд, ки Аскаров бо хоҳиши худ тарки мақом кардааст.

Ҳангоми ҷаласаи маҷлиси шаҳрӣ мақомоти қудратӣ бо кофтукоб кардани вакилон дахлнопазирии онҳоро халалдор карданд.

XS
SM
MD
LG