Ссылки доступа

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, равуои марзиро бо Тоҷикистон комилан қатъ кардаанд


Улуғбек Марипов, раиси девони вазирони Қирғизистон гуфт, ки "чанде пеш дар бораи комилан қатъ кардани равуои марзӣ бо Тоҷикистон, то замони ҳалли баҳсҳои марзӣ, қарор қабул шуд".

Марипов дар ин бора дар суҳбат бо сокинони деҳаҳои наздимарзии ноҳияи Чон-Алайи вилояти Уши кишвараш хабар додааст.

"Масъалаи марз барои мо дар ҳоли ҳозир яке аз масоили муҳим аст. Ҳамаи талош ба харҷ дода мешавад, ки ин масъала ҳал карда шавад. Мо онро ҳатман ҳал мекунем... Ба иловаи муайянсозӣ ва аломатгузории марз мо ҳадаф гузоштаем, ки ҳифзи онро тақвият бахшем. Барои ин ҳамаи шароити лозимро барои марзбонон фароҳам меорем. Дар масъалаи тақвияти ҳифзи марз сокинони маҳаллӣ ҳам нақши калидӣ доранд. Аз ҳамин хотир шуморо ба сабру таҳаммул даъват мекунам", - гуфт раиси девони вазирони Қирғизистон.

Рӯзҳои 29-30 апрели соли равон дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон низоъ сар зада, дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо кас кушта ва даҳҳо манзили зист ба коми оташ рафт.

XS
SM
MD
LG