Ссылки доступа

Донишгоҳи Намангони Узбекистон ба карантин гирифта шуд


Донишгоҳи давлатии Намангони Узбекистон барои ду ҳафта ба карантин гирифта шуд. Рӯзи 22 май ба вабои коронавирус гирифтор шудани яке аз омӯзгорони донишгоҳ ошкор гардид.

Расонаҳои Узбекистон навиштанд, ки айни ҳол сиҳатии ин омӯзгор зери назорати пизишкон аст.

Мақомоти тандурустии Намангон дастур додаанд, ки омӯзиш дар донишгоҳ то рӯзи 6 июн ба таври фосилавӣ ба роҳ монда шавад.

Пештар аз ин низ чанде аз донишгоҳҳо ва мактабҳои миёна дар Тошканду Самарқанд ба далели паҳншавии вабои коронавирус ба карантин гирифта шуданд.

XS
SM
MD
LG