Ссылки доступа

Барномаи Академияи навтаъсиси зеҳни сунъиро дар Тоҷикистон бонкҳо хариданд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Хешовандони Меҳроншоҳ ҷазои гунаҳкори марги ӯро сабук меноманд. Пайвандони як афсари кушташудаи пулис аз қарори додгоҳ норозигӣ карда, ба зинаи болоӣ шикоят бурдаанд. Пайвандони Меҳроншоҳ Ҷумъаев гуфтанд, додгоҳ сабабгори фарзанди онҳоро ҳамагӣ ба 3 сол ҳабси сукунатӣ маҳкум кард, ки ноодилона аст. (видео)

- Нахустин барномаи офаридаи Академияи навтаъсиси зеҳни сунъиро дар Тоҷикистон бонкҳо харидорӣ карданд. “Спитаменбонк” нахустин истифодабари барномаи компютерии скоринг ё зеҳни сунъӣ аст, ки мустақилона пардохпазирии муштариёнро арзёбӣ мекунад ва муайян мекунад, ки қарз дода шавад ва ё не? (видео)

- Чаро ҳукумат ба ташаббуси мардумӣ дахолат кард? Солҳост, ки барои ёрӣ ба мардуми муҳтоҷ дар Тоҷикистон намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ пул ҷамъ меоранд. Вале ин дафъа мақомот нагузоштанд, ки шахсони алоҳида зимоми расондани кумакро ба мардуми осебдида дар ҷанҷоли марзӣ бо Қирғизистон ба уҳда бигиранд. Чаро? (видео)

- Дар ноҳияи Восеъ ҷавони беморро ба артиш бурдаанд. Хонаводаи як ҷавон дар ноҳияи Восеъ дар нисбати кормандони Комиссарияти ҳарбӣ ба додситони низомӣ шикоят кардаанд. Ба иддаои онҳо тариқи сарбозшикор ба артиш бурдани фарзанадшон, ки бемории руҳӣ дорад, боиси хуруҷи маризии ӯ шудааст (видео)

- Дар Кӯлоб нимпайкараи Кароматуллои Қурбон қомат афрохт (видео)

- Чаро Лоиқ аз “муд” намонд ва шеъраш “кӯҳна” нашуд? Лоиқ Шералӣ 80 сол пеш дар Мазори Шариф ба дунё омад, 21 сол қабл дар Душанбе даргузашт ва ҳоло дар оромгоҳи Лучоб орамидааст. Мухолифон дар ашъори ӯ танқиди низомро меҷӯянд, корафтодагон – фарёдрас, ошиқон – изҳори муҳаббат ва муҳоҷирон – ғами ғурбатро (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG