Ба иттилои маъмурияти ноҳияи Китоб, ин ҳодиса дар ҷаласае бо иштироки раиси ноҳия, мудири маориф, сардори пулис, вакилони халқӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ноҳия баррасӣ шудааст.
Дар мулоқот қарор шудааст, ки Шуъбаи маорифи Китоб ҳодисаро таҳқиқ намояд. Ҳамчунин намояндагони шуъбаи маориф ва маъмурияти ноҳия ҷабрдидаҳоро, ки дар беморхона бистарӣ ҳастанд, аёдат кардаанд.
Идораи пулиси Китоб дар робита ба латтукӯб шудани омӯзгорон тафтишоти пешакиро оғоз кардааст.
Расонаҳо 21 май хабар доданд, ки наздикони муовини мудири мактаби рақами 51 як омӯзгор ва муовини дигари мудирро латтукӯб кардаанд.