Ба огаҳии Департаменти ҳифзи муҳити зисти Қашқадарё, сангпуштҳое, ки қочоқчиён мехостанд, интиқол диҳанд, ба Китоби байналмилалии сурх шомил ҳастанд. Сангпуштҳои мусодирашуда ба Парваришгоҳи махсуси вилояти Бухоро фиристода шудаанд.
Ин намуди сангпушт дар натиҷаи тағйирёбии антропогении муҳити зист ва нобудшавӣ, бахусус шудгор кардани заминҳои наву ҷамъоварии тухми сангпуштҳо бо мақсадҳои тиҷоратӣ то рафт камтар мешавад. Бинобар ин, он ба Китоби сурхи Узбекистон шомил карда шудааст.