"Талаб дорем, ки раиси Додгоҳи олии Қазоқистон моро шахсан қабул кунад. Ҳозир ва худи имрӯз. Чандин нафари дигар меоянд ва то бо раиси Додгоҳи олӣ мулоқот накунем, ба ҷое намеравем", - гуфтанд сокинони норозӣ.
Вале ба назди онҳо намояндаи Додгоҳи олии Қазоқистон баромада, гуфт, "дархосташонро ба раҳбарият мерасонад".
Таҷаммуъгарон мегӯянд, додрасҳои қазоқ нисбат ба онҳо ҳукмҳои ноодилона содир кардаанд. Сокинони норозӣ мегӯянд, чанд ҳафта пеш дар маъмурияти президенти Қазоқистон ба онҳо ваъда карданд, ки ба шикояташон расидагӣ мешавад, вале ин ваъда иҷро нашудааст.
Ин гуруҳи сокинони Қазоқистон моҳи феврали соли равон низ дар назди қароргоҳи президенти Қазоқистон дар шаҳри Нурсултон ҷамъ шуда буданд. Онҳо талаб доштанд, ки барои ҳалли мушкилашон комиссияи байниидоравӣ ташкил карда шавад.
Дар пайи талаби сокинон ёвари президенти Қазоқистон Тамара Дуйсенова хабар дод, ки аз ҳисоби намояндагони ҳар ду палатаи порлумон, додситонии кул ва кумитаи амнияти миллии он кишвар комиссияе ташкил карда шуд. Вале ба гуфтаи сокинон, ин комиссия кореро анҷом надодааст.