Ссылки доступа

YouTube пардохти маблағро ба Узбекистон қатъ кард


Ширкати YouTube ҳавасмандсозии моддиро ба муаллифони саҳифаҳои узбекзабон қатъ кард.

Дар солҳои охир дар Узбекистон блогнависӣ, аз ҷумла блог ва ё саҳифаҳои видеоӣ рушд мекунад. Ҳамзамон теъдоди муаллифони саҳифаҳое меафзояд, ки барои фаъолиятҳои блогерӣ даромад ба даст меоранд. Танҳо барои дидани наворҳояшон дар YouTube бархе аз соҳибони блогҳо ҳазорҳо доллар даромад мекунанд.

Аммо шуруъ аз моҳи апрели соли ҷорӣ даромади блогерҳои узбекистонӣ аз ҳисоби саҳифаҳо дар YouTube якбора кам шуд. Ширкати YouTube тасмим гирифтааст, ки ҳавасмандсозии моддии муаллифони саҳифаҳои узбекзабонро коҳиш диҳад.

Ширкати YouTube тасмими ахирашро шарҳ намедиҳад. Аммо нашрияи интернетии Qalampir.uz менависад, ин тасмим мумкин аст, ба он рабт дошта бошад, ки YouTube дар ҳудуди Узбекистон расман фаъолият надорад.

Акнун блогерҳои узбекистонӣ ҳатто аз даромади таблиғот дар YouTube маҳрум шудаанд.

Дар гузашта дастрасӣ ба YouTube дар Узбекистон борҳо маҳдуд шудааст.

XS
SM
MD
LG