Ссылки доступа

Дар Қирғизистон парвандаи куштори Айзада Канатбекова қатъ шуд


Парвандаи рабудан ва куштори Айзада Канатбековаи 27-сола, ки дар додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон баррасӣ мешуд, ба далели ҳалокати гумонбар Замир Тенизбоев қатъ шуд.

Дар ин бора вакили дифои Айзада Канатбекова - Нурбек Токтакунов хабар дода, гуфт, тафтиши парвандаи хунукназариии кормандони пулис ба таҳқиқи қазияи мазкур ҳанӯз идома дорад.

Дар Қирғизистон Айзада Канатбековаи 27-соларо мурда ёфтанд, ки ӯро барои издивоҷ аз кӯча рабуда буданд.

Пулиси Қирғизистон хабар медиҳад, марде ки Канатбековаро рабуда буд, худкушӣ кардааст.

Духтари 27-соларо рӯзи 5 арпел дар шаҳри Бишкек рабуданд. Се мард ӯро иҷборан дар мошине нишонда, ба самти номаълум бурданд.

Ҷасади Канатбекова бо нишонаҳои марги маҷбурӣ ва ҷасади марди 36-сола бо захмӣ корд дар дохили мошине миёни деҳаҳои Арашан ва Чокморов дар наздикии шаҳри Бишкек пайдо шуд.

Марди чӯпоне, ки ба пулис аз ёфт шудани мошин хабар дод, гуфт, мошини мазкурро рӯзҳои 5-6 апрел дида буд, аммо фикр мекард, он дар лой ғуттида аст. Танҳо рӯзи 7 апрел чӯпон ба мошин наздик шуда, ҷасади марду занро дар он дидааст.

Ба иттилои пешакӣ, мард занро дар рафти ҷанҷол бӯғӣ карда, баъдан худро куштааст.

Додситонии кулли Қирғизистон чанде пеш хабар дода буд, ки барои таҳқиқи рафтори кормандони пулис дар доираи парвандаи рабудан ва куштори Айзада Канатбекова бо моддаи "хунукназарӣ" парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG