"Мо соли гузашта барои 180 миллион метри мукааб об ҳудуди се миллиард танга пардохтем. Имсол қарор аст, ба ҷониби Русия 4,2 миллиард танга пардохт кунем ва 140 миллион метри мукааб об бигирем. Онҷо тарифҳо тағйир ёфтаанд", - гуфт ӯ.
Коршинос Майрам Жумабеков мегӯяд, Қазоқистон дар асл аз Русия обро намехарад, балки ҳаққи интиқоли он тавассути насосҳои обкашро пардохт мекунад. "Об ба Қазоқистон тавассути насосҳо интиқол дода мешавад. Дар Русия арзиши нерӯи барқ боло меравад ва бинобар ин, ҳаққи интиқоли об низ боло рафтааст", - изҳор дошт вай.
Ба гуфтаи Майрам Жумабеков, норасоии об дар Қазоқистони Ғарбӣ ҳанӯз дар солҳои 1960-ум мушоҳида шуда буд ва бинобар ин, мақомоти шӯравӣ тасмим гирифтанд, ки обро аз Волга бибаранд.