Ссылки доступа

Кохи Сафед: санаи мулоқоти Байден ва Путин маълум шуд


Кохи Сафед рӯзи 25-уми май гуфт, ки санаи дақиқи мулоқоти президентони ИМА ва Русия маълум шуд. Ба навиштаи дафтари президенти ИМА, ин мулоқот 16-уми июн дар шаҳри Женева барпо мешавад.

Ин аввалин мулоқоти рӯбарӯи президенти ИМА Ҷо Байден ва раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин мешавад.

Дар изҳороти Кохи Сафед омадааст: "Раҳбарон тамоми масъалаҳои мавриди ташвишро баррасӣ хоҳанд кард". Дар изҳорот омадааст, ки ИМА хостори "барқарории равобити пешбинишаванда ва мӯътадили ИМА ва Русия" мебошад.

Ин хабар дар ҳолест, ки чанд соат пеш аз ин Кохи Сафед ва Кремлин гуфтанд, барои дар моҳи оянда ташкил кардани ҷаласаи президентони ИМА ва Русия - Ҷо Байден ва Владимир Путин омода мешаванд. Рӯзи 24-уми май дар изҳороти муштараки мушовири амнияти миллии ИМА Ҷейк Салливан ва ҳамкори русаш Николай Патрушев машваратҳои Женева чун «иқдоми муҳим» дар амри омодагӣ ба ҷаласаи ду раҳбар тавсиф шудааст. Дар як изҳороти муштараки ин ду мақом омадааст, ки «бо вуҷуди дидгоҳҳои фавқулодда мутафовит, муколама дар фазои созанда барпо гардид ва барои дарки беҳтари мавқеи ҳар як ҷониб имкон фароҳам овард».

Қаблан гуфта шуд, ки қарор аст моҳи июн дар Бритониё ҷаласаи кишварҳои Гурӯҳи Ҳатфгона ва ҳам дар Брюссел мулоқоти раҳбарони Иттиҳоди Аврупову НАТО баргузор шавад ва дар доираи ҳамин сафар эҳтимоли мулоқоти Байдену Путин вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG