Ссылки доступа

Президенти пешини Қирғизистон фаъоли маданӣ Мелис Аспековро ба додгоҳ кашид


Президенти пешини Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ва бародараш Асилбек, ки вакили порлумон аст, зидди фаъоли маданӣ Мелис Аспеков ба додгоҳ шикоят бурданд.

Сухангӯи додгоҳи вилояти Чуй Байиш Байгазинов гуфт, бародарон Ҷеенбековҳо баъди он шикоят карданд, ки фаъоли маданӣ гуфт, президенти пешини Қирғизистон маъракаи интихоботии президенти кунунии он кишвар Содир Ҷабборовро сармоягузорӣ кардааст. Аз Мелис Аспеков талаб шудааст, ки раддия чоп кунад.

Бино ба хабари баъзе аз расонаҳо, Ҷеенбековҳо бар иловаи нашри раддия аз фаъоли маданӣ 1 миллион сом (беш аз 11,5 ҳазор доллар) ҷуброн талаб доранд.

Аспеков 12 май дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, ки Ҷеенбеков дар маъракаи интихоботии Содир Ҷабборов 10 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон суханҳои фаъоли маданиро "туҳмат" номид.

XS
SM
MD
LG