Ссылки доступа

Севумин пирӯзии дастаи Қазоқистон дар мусобиқаи ҷаҳонии хоккей


Тими мунтахаби хоккейи Қазоқистон дастаи Олмонро бо ҳисоби 3:2 шикаст дода, пирӯзии севуми худро дар мусобиқоти ҷаҳонии хоккей дар Рига сабт кард. Ин бори нахуст аст, ки дастаи Қазоқистон дар мусобиқаи ҷаҳонии хоккей се пирӯзӣ ба даст меорад.

Пештар тими мунтахаби Қазоқистон қаҳрамони кунунии ҷаҳон - дастаи Финляндияро бо ҳисоби 2:1 ва дастаи Латвияро бо ҳисоби 3:2 шикаст дода, дар бозии севум аз дастаи ИМА шикаст хурда буд.

Дастаи Қазоқистон дар ҳоли ҳозир дар ҷадвали гуруҳӣ бо гирифтани 7 хол баъди дастаҳои Олмон, Латвия ва Финляндия дар мақоми чорум аст.

Варзишгарони қазоқ то ба поён расидани марҳалаи гуруҳӣ бояд се бозии дигар бо дастаҳои Канада, Италия ва Норвегия анҷом диҳанд.

Дастаи мунтахаби хоккейи Қазоқистон аз соли 1998 ҳашт бор дар мусобиқаҳои олӣ, аз ҷумла Бозиҳои зимистонаи соли 1998 ва 2006 иштирок карда буд, вале аз марҳалаи гуруҳӣ хориҷ нашуд.

XS
SM
MD
LG