Ссылки доступа

Роҳбари олии Эрон аз роҳ наёфтани 585 номзад ба интихоботи президентӣ истиқбол кард


Оятуллоҳ Хоманаӣ, роҳбари олии Эрон аз роҳ наёфтани 585 номзад ба марҳилаи интихоботи президентӣ истиқбол кард. Дар ин бора вай дар мулоқот бо вакилони порлумони Эрон рӯзи 27 май изҳори назар кард.

Дар миёни 585 номзад намояндаи мухолифони муътадил низ ҳаст, ки аз сӯи Шӯрои нигаҳбони қонуни асосӣ - мақоми махсуси ғайрипорлумонии ҳокимият иҷозаи иштирок дар интихоботро наёфт. Хоманаӣ гуфт, Шӯро "кореро кард, ки мебоист бикунад".

Интихоботи президентӣ дар Эрон рӯзи 18 июн баргузор хоҳад шуд. Дар маҷмуъ 592 кас номзадиашонро ба интихобот пешбарӣ карда буданд.

Миёни касоне, ки ба интихобот роҳ наёфтанд, Маҳмуд Аҳмадинажод, президенти пешини Эрон, ноиб-президенти амалкунанда Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, раиси пешини порлумон Алӣ Лориҷонӣ ва шахсиятҳои дигари бонуфуз низ ҳастанд.

Номзади асосии ин интихобот раиси Додгоҳи олии Эрон Иброҳим Раисӣ унвон мешавад. Вай яке аз сиёсатмадорони муҳофизакор ё консерватори Эрон дониста мешавад. Ӯро дар қатли даҳҳо ҳазор мухолиф дар соли 1988 ҳамдаст медонанд.

Мухолифон аз сокинон даъват доранд, ки интихоботро таҳрим кунанд. Аҳмадинажод гуфт, дар интихобот ширкат намеварзад ва аз ҳеч яке аз номзадҳо ҷонибдорӣ намекунад.

XS
SM
MD
LG