Ссылки доступа

Варзишкори афғон медалҳояшро мефурӯшад ва ба хонаводаи қурбониёни теракт кӯмак мерасонад


Ҳусайн Бахш Сафарӣ, размкори муҳорибаҳои омехта ё ММА (Mixed Martial Art) тасмим гирифтааст, ки медалҳои тилои худро дар музоядае дар Дубай фурӯшад ва бо маблағи ба дастомада ба хонаводаи қурбониёни теракти мактабҳо дар Кобулу Лугари Афғонистон кӯмак расонад.

Ҳусейнбахш Сафарӣ, яке аз варзишгарони шинохта ва размкори афғон ният дорад, чанде аз медалҳояшро, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба даст овардааст, бифурӯшад ва пули онро ба оилаҳое тақсим кунад, ки дар ҳамлаҳои хунин дар Кобул ва вилояти Лугар азизонашонро аз даст доданд.

Размкори афғон Ҳусейнбахш Сафарӣ мехоҳад, ба оилаҳои донишҷӯёне кӯмак кунад, ки дар бомбгузории чанде пеш кушта шуданд. Мехоҳад, ду медалашро фурӯшад барои онҳо пул ҷамъ оварад.

Ӯ гуфт, ду медале, ки дар Туркманистон ва Муғулистон барои пирӯзиаш дарёфт кардааст, дар фурӯш гузоштааст.

Рӯзи 8-уми май дар назди мактаби Сайиди Шуҳадо дар Кобул таркиш рух дод. Камаш 100 нафар ҳалок ва 160 каси дигар маҷруҳ шуданд. Бисёре аз қурбониён духтарони наврасе буданд, ки аз мактаб берун меомаданд. Рӯзи 30-уми апрел дар натиҷаи ҳамла ба як меҳмонхона дар шаҳри Пули Алами вилояти Лугар 26 нафар ҷон бохтанд. Баъзеҳояшон донишҷӯёне буданд, ки ба зудӣ бояд имтиҳон месупурданд.

“Дар ҳодисаи ахире, ки дар мактаби Саиди Шуҳадо ва ҳодисаи хунини Лугар, ки сурат гирифт, ҳардуяшон касби илму дониш буданд, инҳо дар роҳи илму дониш ҷонҳои ширини худро аз даст доданд. Мехоҳам, ки инҳоро бифурӯшам ва ба хоҳару бародарону мактаб кӯмак расонам. ”,--гуфт ӯ.

Ҳусейнбахш Сафарӣ баъди аёдати осебдидагони ҳамла дар шифохонаи Кобул барои фурӯши медалҳояш музояда эълон кард. Ӯ то ҳол 27 нишон ба даст овардааст ва ифтихоре барои афғонҳост. Аз ин рӯ, баъзеҳо ба ӯ пул пешниҳод кардаанд, то нишонҳояшро нафурӯшад.

“Дӯстону азизону бузургон, тоҷирони милливу байналмилалӣ тамос гирифтанд. Бо ашку гулӯи буғз гап заданду гуфтанд, ки Сафарӣ мо намегузорем, ки ин медали боарзишро бифурӯшӣ.”,--гуфт ӯ.

Ҳоло рӯзи музояда, ки қарор аст, дар Дубай баргузор шавад, маълум нест.

XS
SM
MD
LG