Ссылки доступа

Беш аз 1 млн сокини Қазоқистон зидди коронавирус эм шуданд


Шумори шаҳрвандони Қазоқистон, ки аз давраи комили эмгузаронӣ зидди коронавируси нав гузаштанд, расман ба беш аз 1 миллион (1 021 100) расид.

Ба иттилои Вазорати тандурустии Қазоқистон, мояи якуми ваксинаро беш аз 2 миллион сокини Қазоқистон дарёфт кардааст.

Пештар дар ҳукумати Қазоқистон хабар дода буданд, ки нақша доранд, дар моҳи майи соли равон беш аз ду миллион шаҳрвандро зидди коронавирус эм кунанд.

Маъракаи эмкунии шаҳрвандони Қазоқистон, ки ҳудуди 19 миллион аҳолӣ дорад, расман моҳи феврали имсол оғоз шуд. Дар навбати аввал кормандони тиббӣ ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ эм шуданд. Эмкунии шаҳрвандони дигар аз 1 апрел оғоз гашт.

XS
SM
MD
LG