Ссылки доступа

Боздошти фаъолони ташаббуси "Феминита" дар Қазоқистон (видео)


Гульзада Сержан (слева) и Жанар Секербаева. Астана, 17 мая 2017 года

Фаъолони ташаббуси "Феминита" Жанар Секербоева ва Гулзода Сержан дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон дастгир шуданд. Ба фаъолон нахуст ҳамла намуда, сипас онҳоро боздошт карда, ба идораи пулис бурдаанд.

Ҳомии ҳуқуқ Татяна Чернобил хабар дода, ки зидди ин ду зан бо банди "Таҳқири намояндаи давлат" парванда боз шудааст.

Фаъолон қарор буд, 29 май бо сокинони Чимкент дар мавриди ҳуқуқи занони ҳамҷинсгаро вохӯриеро анҷом диҳанд. Вале созмондиҳандагон ва иштирокдорон ба маҳалли вохӯрие, ки ҳатто пули иҷорааш пешпардохт гашта буд, роҳ дода нашуданд.

Сипас занон тасмим гирифтаанд, ки вохӯриро дар қаҳвахонае баргузор кунанд. Вале як гуруҳ "аз пайравони дини Ислом ва кормандони пулис дар либоси мулкӣ" ба қаҳвахона рафта, ба созмондиҳандагон дарафтодаанд.

Дертар фаъолон боздошт шуда, ба шуъбаи пулиси ноҳияи Абай интиқол дода шуданд. "Ба эҳтимоли зиёд, ҳангоми муқобилият нишон додан пагони яке аз кормандони пулисро кандаам", - хабар додааст Жанар Секербоева ба ҳомии ҳуқуқ Чернобил.

Дар хадамоти матбуотии пулиси Чимкент боздошти фаъолонро тасдиқ карданд, вале шеваи боздошти онҳоро шарҳ надоданд.

Банде, ки бар асоси он парванда боз шудааст, ба фаъолон то 233 360 танга (наздики $537) ҷарима, корҳои ислоҳӣ ё то 20 рӯз ҳабси маъмуриро пешбинӣ мекунад.

Ташаббуси "Феминита" дар Қазоқистон аз ҳуқуқи занон ва ҳамҷинсгароён ҳимоят мекунад.

XS
SM
MD
LG