Ссылки доступа

Малах рӯзии ҳазорон нафарро дар Хатлон мехӯрад


Ҳамлаи Малах дар Хатлон

Селаи малахи марокашӣ 87 ҳазор гектар кишти заминҳои кишоварзонро дар Тоҷикистон хароб кардааст.

Мутахассисон пешбинӣ мекунанд, ки масоҳати чунин замин эҳтимол дорад то 115 ҳазор гектар афзоиш ёбад. Як селаи малах дар масоҳати як километри муррабаъ метавонад дар як рӯз 35 ҳазор аҳолиро аз ғизои кишоварзӣ маҳрум созад.

Малах рӯзии ҳазорон нафарро дар Хатлон мехӯрад
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:36 0:00

Афзоиши масоҳати ҳаминҳои таҳти таҳдиди селаҳои малахи марокашӣ мақомотро нигарон сохтааст. Ба навиштаи сомонаи расмии президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон доир ба андешидани чораҳои таъхирнопазири пешгирикунандаи мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон суҳбати телефонӣ анҷом додааст. Манбаъ афзудааст, ки роҳбари давлати бо дарназардошти ҳамлаи малах ба ҳудуди ноҳия ба “ҷамъоварии хошоки дурушти чорво, таъмини нақшаи кишти такрорӣ, инчунин вусъати корҳои ободонӣ ба ифтихори таҷлили арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, супоришҳо доданд”.

Ҷумъахон Алламуродов, раиси ҷамоати деҳоти “Намуна”-и ноҳияи Панҷ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан дар чанд рӯзи ахир ҳамлаи селаҳои малах ба киштзори ин минтақа мушоҳида мешавад. Ӯ гуфт, ин ҳамла баъд аз он мушоҳида шуд, ки чанд рӯз пеш боди сахте вазид ва селаи малах аз кӯҳдоманҳо ба водӣ парвоз карданд. “Дар байни селаи малахҳо ҳоло фақат 5-10 фоизаш хуранда аст. Ин хел малах ҳамаашро намехӯрданд. Агар ҳамаашро мехӯрд, аллакай ҳама ҷоро хӯрда тамом мекард.”—гуфт ӯ.

Ба иттилои муассисаи давлатии “Экспедитсияи зидди малах”-и Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, минтақаи таҳти таҳдиди ҳамлаи малахи марокашӣ ба киштзори кишвар дар соли ҷорӣ 115 ҳазор гектар пешбинӣ шудааст. Ин рақам дар муқоиса бо як соли пеш 13 ҳазор гектар бештар будааст. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар додааст, ки ҳоло дар 87 ҳазор гектар аллакай ҳамлаи малахҳо сурат гирифтааст. Мутахассисони хадамоти зидди малах ин заминҳоро бо маводи кимиёвӣ безарар карданд.

Аҳмадҷон Мӯъминҷонов, муовини сардори Муассисаи экспедитсияи мубориза бар зидди малах мегӯяд, бо сабаби гарм омадани ҳавои зимистон аввалин зуҳури селаи малахҳо дар соли ҷорӣ аллакай дар моҳи феврал мушоҳида шуд. "Моҳи апрел хушк омад, боришот кам шуд. Алаф дар талу теппаҳо сӯхт. Дар ин минтақаҳо мо имконияти коркарди малахро бо техникаву таҷҳизоти мавҷудамон надорем. Вақте алаф сӯхт, ҳоло замони тухммонии малах аст. Барои вай энергия лозим, алафи сабз лозим, барои ҳамин павоз карда ба киштзор поин мефарояд",--гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Аҳмадҷон Мӯъминҷонов, ҳоло ҳамлаи малах бештар ба киштзори ноҳияи Панҷ сурат гирифтааст. Кормандони экспедитсияи мубориза бар зидди малах ба ин ноҳия миқдори зарурии мошинолоти зарурӣ интиқол дода, бо селаи малахҳо мубориза мебаранд. Вай мегӯяд, ки муассиса миқдори зарурии заҳрдоруро дар ихтиёр дорад.

Омори расмӣ дар бораи мизони зарари малах ба бахши кишоварзии Тоҷикистон дастрас нест. Ҳарчанд тақрибан ҳамасола тӯдаи малахҳои марокашӣ дар Тоҷикистон ба ҳазорҳо гектар замини кишоварзӣ, заминҳои наздиҳавлигӣ ва чарогоҳҳо хисорот ворид месозад.

Мизроб Амирбеков, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, ки мутахассисони тоҷик аз таҷрибаи хуби мубориза бо ин зараррасонҳо бархӯрдоранд. Аммо, дар шароити хуруҷи бемории COVID-19 ва баста будани роҳи муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия, хисороти ин зараррасонҳо бештар эҳсос хоҳад шуд: "Мардум имрӯз ба ҳосили асосие, ки даромади ояндаашон буд, ба ҳамон умед доштанд, ки аз он даромаде мегирем. Вале афсӯс, ки имрӯз ин нақша дар баъзе хоҷагиҳо, баъзе фермерҳо аз байн рафт".

Тибқи омузиши донишмандони бахши кишоварзӣ як малах дар рӯз баробари вазни худ ғизо мехӯрад. Аммо селаи малахҳо дар як километри мураббаъ дар як рӯз ғизои баробар ба 35 ҳазор одамро нобуд мекунанд.

XS
SM
MD
LG