Ссылки доступа

Сиёсатмадори узбекистонӣ Ҷаҳонгир Отаҷонов хостори муҷозоти афроде шуд, ки ба манзили вай ҳамла карданд


 В своем заявлении в Instagram'е Атаджанов говорил, что ворвавшиеся в его дом неизвестные лица оскорбляли его и закидали его дом яйцами.
В своем заявлении в Instagram'е Атаджанов говорил, что ворвавшиеся в его дом неизвестные лица оскорбляли его и закидали его дом яйцами.

Ҷаҳонгир Отаҷонов, сиёсатмадори узбекистонӣ, ки тасмими иштирок дар интихоботи президентии тирамоҳи соли ҷориро дорад, аз додситонии шаҳри Тошканд хост, афродеро муҷозот кунад, ки рӯзи 26 май ба манзили вай ҳамла бурда буданд.

Дар аризаи Отаҷонов омадааст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон набояд рафторҳои авбошонаро нодида бигиранд.

Ҳафтаи гузашта расонаҳои Узбекистон навиштанд, як гуруҳи одамони ношинос ҳангоми ҷамъомади сиёсӣ ба манзили Ҷаҳонгир Отаҷонов ворид шуда, онро тухмборон кардаанд.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки чи гуна он афрод дар манзили Отаҷонов ба ҳаёҳу даст мезананд, Отаҷоновро саволборон мекунанд ва афроди ҳозир дар манзили ӯро таҳқир менамоянд.

На додстонии шаҳри Тошканд ва на додситонии кулли Узбекистон ҳоло ба аризаи Отаҷонов вокуниш накардаанд.

Сарфи назар аз ҳамлаи ин афрод, ҳизби сиёсии "Эрк" номзадии Ҷаҳонгир Отаҷоновро ба интихоботи президентии пешорӯ пешбарӣ кард.

Ҷаҳонгир Отаҷонови 42-сола моҳи декабри соли 2020 эълом кард, ки тарки саҳнаи овозхонӣ мекунад. Вай дар моҳи январи имсол гуфт, тасмим дорад, ки дар интихоботи президентии моҳи октябр ширкат варзад.

Қонунгузории Узбекистон талаб мекунад, ки номзадҳо танҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ шаванд.

Ҳизби сиёсии "Эрк" аз сӯи мухолифи ҳукумати Узбекистон Муҳаммад Солиҳ дар солҳои 90-уми асри гузашта таъсис шудааст. Муҳаммад Солеҳ солҳои тӯлонист, ки дар Туркия паноҳанда аст.

Баъд аз эъломи ширкат дар интихоботи пешорӯи президентӣ дар Узбекистон нисбати Ҷаҳонгир Отаҷонов таҳқиру туҳматҳо зиёд шудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз вай талаб доранд, ки аз ин тасмимаш даст кашад.

XS
SM
MD
LG