Бино ба иттилои Департаменти пулиси вилояти Оқтеппа, рӯзи якшанбе дар шоҳроҳи Самара-Чимкент, дар 21-километрии шаҳри Оқтеппа 11 нафар дастгир карда шуданд.
"Яке аз дастгиршудаҳо 30 май бо банди "Эҷоди монеа ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт" ва 10 тани дигар бо банди "Нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ" ҷарима шуданд", - омадааст дар иттилоияи пулиси Оқтеппа.
Тибқи изҳороти пулис, он рӯз яке аз ронандагони норозӣ талош кардааст, шоҳроҳи Самара-Чимкентро бандад ва 10 ронандаи дигар дар гирди вай ҷамъ омада, ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт халал расондаанд.
Яке аз ронандахо гуфт, ӯро дар идораи пулис ҳудуди 6 соат нигаҳ доштанд ва дар ниҳоят 2900 танга ҷарима баста, озод карданд.
Ронандагони мошинҳои боркаш 30 май дар шоҳроҳи Самара-Чимкент зидди нақшаи мақомот, ки мехоҳанд дар 18 минтақаи он кишвар роҳи пулакиро ташкил кунанд, эътироз карданд. Ронандагон мегӯянд, мақомоти қазоқ дар ҳоле низоми пулакиро ҷорӣ карданианд, ки роҳҳо валангор буда, сӯзишворӣ гарон ва ҳаққи ҳамлу нақл арзон аст.