Ссылки доступа

Дар Узбекистон донишҷӯён, рӯзноманигорон ва нависандагонро воксин мезананд


Дар Узбекистон рӯзи 31 май марҳилаи нави воксинзанӣ шуруъ шуд. Ин дафъа донишҷӯёне, ки ба хориҷ барои таҳсил мераванд, рӯзноманигорон, блогерҳо, нависандагон ва кормандони ширкатҳои радиову телевизиониро воксин мезананд.

Дар ин бора Насиба Тоирова, як мақомдори беҳдоштии Узбекистон рӯзи 31 май хабар дод.

Марҳилаи аввали воксинзании зидди коронаврус дар Узбекистон аз воксинзании сокинони аз 65-сола боло, кормандони соҳаи тиб, омӯзгорон, кормандони муассисаҳои томактабӣ ва афроди дорои бемориҳои музмин шуруъ шуда буд.

XS
SM
MD
LG