Ссылки доступа

Русия дар Минтақаи ғарбӣ қисмҳои нави низомӣ таъсис медиҳад


Вазорати мудофиаи Русия дар Минтақаи ғарбӣ наздики 20 қисми нави низомӣ таъсис медиҳад. Дар ин бора Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия иттилоъ дод.

Вай гуфт, ин тасмим баъди фаъолшаии НАТО бо роҳбарии ИМА дар наздикии марзҳои Русия гирифта шудааст.

Шойгу ҳамчунин афзуд, то охири соли ҷорӣ ба қисмҳои низомии Минтақаи ғарбӣ наздики ду ҳазор аслиҳа ва дастгоҳҳои муосир интиқол медиҳанд.

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО гуфт, ки иттиҳоди низомиву сиёсӣ дар ҷустуҷӯи роҳи муколама бо Москва аст ва ҳамзамон артишро бо ҳадафи мудофиа омӯзиш медиҳад.

Ибтидои баҳори имсол Русия ба Қрими ишғолшуда ва марзҳои Донбасси Украина наздики 120 ҳазор сарбозу афсар фиристод. Ин иқдом ташвиши Ғарб ва Уркаинаро ба бор овард. Русия гуфт, дар пайи "ҳаракатҳои хатарнок"-и НАТО ва баргузории размоишҳо ба марзҳои Украина артиш фиристодааст.

Сергей Шойгу 22 апрел эълом кард, ки артишро аз марз бо Украина бозпас мегирад.

XS
SM
MD
LG