Ссылки доступа

Бозпурсии мансабдорони қирғиз дар доираи парвандаи "Қумтор" идома дорад


Вакили порлумони Қирғизистон Мақсад Собиров дар доираи парвандаи кони тилои Қумтор дар Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар бозпурсӣ шудааст.

Ба гуфтаи Собиров, маъмурони амниятӣ ӯро, ки соли 2012 узви комиссияи марбут ба Қумтор буд, ҳамчун шоҳид бозпурсӣ карданд.

Ҳамчунин хабар дода шуд, ки раиси пешин ва узви кунунии порлумони Қирғизистон Достон Ҷумабеков бозпурсӣ шудааст. Вале худи ӯ нахост дар ин бора бо рӯзноманигорон суҳбат кунад.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 31 май хабар дод, ки сарвазири пешини он кишвар Омурбек Бабановро дар доираи парвандаи фасодкорӣ ҳангоми иҷрои тарҳи "Қумтор" боздошт кардааст.

Рӯзи 17 май раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Ташиев дар ҷаласаи порлумони он кишвар гуфт, дар робита ба кони тилои Қумтор чаҳор парвандаи ҷиноӣ тафтиш мешавад. Тошиев гуфт, яке аз муттаҳамони асосӣ сарвазири пешини Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Аблиғозиев аст, ки моҳи январи соли 2021 боздошт шудааст. Тошиев афзуд, дар доираи чаҳор парвандаи ҷиноӣ "бисёре аз мансабдорон, аъзои ҳукумат ва вакилони порлумон" гумонбар мешаванд.

Омурбек Бабанов, муассис ва роҳбари пешини ҳизби сиёсии "Республика" аз моҳи январ то октябри соли 2009 ноиб-аввали сарвазири Қирғизистон буд. Моҳи апрели ҳамон сол байни ҳукумати Қирғизистон ва ширкати канадагии "Сентерра" бо шартҳои нави ҳамкорӣ дар мавриди коркарди кони тилои "Қумтор" созишнома баста шуд.

Солҳои 2011-2012 Бабанов сарвазири Қирғизистон буд ва он замон низ чанд қарор дар робита ба "Қумтор" қабул шуд. Вакили мудофеи Бабанов гуфт, ки ӯро дар мавриди сарвазириаш бозпурсӣ кардаанд.

Расонаҳои Қирғизистон аз бозпурсӣ шудани Игор Чудинов, сарвазири дигари пешини Қирғизистон хабар доданд.

XS
SM
MD
LG