Ссылки доступа

Як маҳбуси сиёсӣ дар Белорус дар толори додгоҳ худро захмӣ кард


Степан Латипов, сокини шаҳри Мински Белорус дар толори додгоҳ худро бо худкор (ручка) аз қисмати гардан маҷруҳ кард.

Пеш аз анҷоми ин амал вай гуфт, мақомоти қудратӣ ӯро таҳдид кардаанд, ки дар сурати эътироф накардани айб нисбати пайвандонаш парванда боз мекунанд.

Латипов дар содир кардани қаллобӣ, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва монеа эҷод кардан ба кори пулис айбдор мешавад. Вай дар тобистони соли 2020 дар Майдони тағйирот - дар шимоли шаҳри Минск, ки маркази ҷамъшавии эътирозгарон номида мешуд, ба ҳайси як фаъол иштирок мекард.

Латиповро моҳи сентябри соли 2020 боздошт карданд. Баъди боздошти вай телевизионҳои давлатии Белорус дар гузорише гуфтанд, Латипов аз хориҷи кишвар моддаи кимиёӣ оварда, талош дошт, ки кормандони пулисро заҳролуд созад. Дар парвандаи вай ин айбҳо шомил нашудаанд.

Дар ҷаласаи додгоҳии рӯзи сешанбеи 1 июн Латипов худро захмӣ кард. Ӯро дар ҳолати беҳушӣ ба бемористон бурданд.

Дар Минск ва дигар шаҳрҳои Белорус зидди натиҷаҳои интихоботи президентӣ ним сол бештар эътирозҳои мардумӣ давом кард. Дар интихоботи моҳи августи соли 2020 расман президенти амалкунандаи он кишвар Александр Лукашенко баранда эълом шуд.

Эътирози сокинон пахш ва даҳҳо ҳазор тан боздошту ҳабс шуданд.

ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои дигари Ғарбӣ натиҷаҳои расмии интихоботи Белорусро намепазиранд ва Лукашенкоро президенти Белорус намедонанд. Вашингтон аз Лукашенко даъват дорад, ки бо мухолифонаш вориди гуфтугӯ шавад ва интихоботи нав баргузор кунад.

XS
SM
MD
LG