Миёни ҷамъшудагон касоне ҳам буданд, ки бо кӯдаконашон омада буданд.
Жайнагул Егинбой, як тан аз эътирозгарон гуфт, наздикони вай - Серик Бобойулӣ ва Улжалгис Нурғозиқизӣ шаш моҳи пеш ба Чин рафта, имкон надоранд, ки ба Қазоқистон баргарданд.
"Онҳоро ба ҳабси хонагӣ гирифтаанд. Ду фарзинди онҳо ҳамроҳи ман ҳастанд. Бигзор волидони ин кӯдаконро рухсат диҳанд, ки ба назди фарзандонашон оянд", - гуфт Егинбой.
Бархе аз кӯдакони дигар акси волидонашонро дар даст доштанд.
Гирдиҳамоӣ пушти дари консулгарии Чин дар шаҳри Алмато рӯзи 114-ум аст, ки идома дорад. Дар ин муддат намояндагони консулгарӣ назди гирдиҳамомадагон набаромадаанд. Ин сокинон раҳоии пайвандонашрон аз Шинҷони Чин талаб доранд. Бархеҳо мегӯянд, пайвандонашонро дар "Урдугоҳҳои бозтарбияи Шинҷон" нигаҳ медоранд. Бархеи дигар иддао доранд, ки наздиконашон дар Чин ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.