Ин гуруҳ аз ҳукумати Қазоқистон даъват кардааст, ки фаъоли мадании маҳкум ба зиндонро фавран озод кунад. Дар ин бора созмони амрикоии Freedom Now, ки соли гузашта дар бораи қазияи Елшибоев ба гуруҳи кории СММ муроҷиат карда буд, 2 июн хабар дод.
Freedom Now дар муроҷиатномаи худ дар кадом шароит аз озодӣ маҳрум шудани фаъоли мадании қазоқро зикр карда буд. Ин созмон гуфта буд, боздошт ва зиндонӣ шудани Елшибоев дар шароите сурат гирифта, ки метавон онро "худсарона" номид.
"Зиндонӣ шудани Елшибоев худсарона аст, зеро мухолифи бандҳои 2, 3, 7, 9, 10, 19 ва 21-и Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон", - иқтибос овардааст созмон аз хулосаи гуруҳи кории СММ.
Додгоҳи шаҳрии Жанаозени Қазоқистон 17 октябри соли 2019 фаъоли маданӣ Елшибоевро дар доираи парвандае, ки сокинони маҳаллӣ онро сиёсӣ меноманд, 5 сол аз озодӣ маҳрум кард. Елшибоев пас аз матраҳ кардани мушкили бекории сокинон дар пасманзари эътирозҳо Жанаозен мавриди таъқиб қарор гирифт.
Ержан Елшибоев бо банди "Қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ" зиндонӣ шуд. Ба гуфтаи муфаттишон, ӯ гӯиё соли 2017 дар натиҷаи як задухӯрд ба шахси ношиносе осеб расондааст. Худи вай ин айбро беасос номида, мегӯяд, ба хотири фаъолиятҳои маданияш таъқиб шуд.