Ссылки доступа

Яке аз роҳбарони пешини ҲНИТ дар Суғд панҷ сол зиндонӣ шуд


Мирзоқул Ҳоҷиматов
Мирзоқул Ҳоҷиматов

Мирзои Ҳоҷимуҳаммад (Мирзоқул Ҳоҷиматов), пизишк ва яке аз раҳбарони пешини ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ба панҷ соли зиндон маҳкум шудааст.

Ҳоҷиматов рӯзи 22-юми май боздошт шуд ва мақомот ӯро ба узвият дар созмонҳои мамнуъ айбдор карданд. Наздиконаш иттиҳомро беасос дониста мегӯянд, Ҳоҷиматов баъди соли 2015 дар ягон ҳизбу гуруҳ аъзо набуд.

Як манбаи наздик ба тафтишот бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми Мирзоқул Ҳоҷиматов рӯзи 1-уми июн дар бинои СИЗО-и рақами 2-и шаҳри Хуҷанд содир шуд.

Вакили мудофеъ Абдусалом Дадобоев ҳам содир шудани қарори додгоҳро тасдиқ кард ва гуфт, аз болои қарори додгоҳ ба зинаи болоӣ шикоят мебаранд, вале ӯ аз ин зиёд шарҳ надод.

Тафтиши парвандаи Ҳоҷиматов тахминан 4 моҳ пеш сар шуда, ӯ замони тафтиш дар озодӣ буд. Мақомот рӯзи 22-юми май Ҳоҷиматовро дастгир карда, ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол доданд. Баррасии парвандаро Додситонии ноҳияи Ашт анҷом додааст.

Наздиконаш гуфтанд, Мирзои Ҳоҷимуҳаммад ё Ҳоҷиматов умедвор буд, қатъи фаъолияташ ҳамчун узви ҳизб ва бозгашташ ба Тоҷикистон метавонад сабаби афв шуданаш гардад. Биноан, пас аз оғози парванда кишварро тарк накард. Наздиконаш мегӯянд, ба бегуноҳии ӯ бовар дошта, мунтазири ҳукми одилона буданд.

Мирзои Ҳоҷимуҳаммад аз соли 2019 дар вилояти Тюмени Русия кору зиндагӣ мекард ва моҳи феврали имсол ба дидорбинии наздикон ба Тоҷикистон омада буд.

Мирзои Ҳоҷимуҳаммади 63-сола дар гузашта дар мақоми муовини раиси ҲНИТ дар вилояти Суғд кор карда, ба қавли наздиконаш, моҳи апрели соли 2015 "бо хоҳиши худ аз сафи ҳизб берун шуда буд".

Ба иттилои наздикон, Мирзои Ҳоҷимуҳаммад дар пурсиши муфаттишон низ гуфтааст, ки фаъолияти сиёсӣ надорад ва бо аъзои пешини Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ дар иртибот нест.

Мақомоти Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро дар кӯшиши табаддулоти моҳи сентябри соли 2015 гунаҳкор ва то кунун даҳҳо узв ва фаъолонашро боздошту зиндонӣ кардаанд.

Бархе аз аъзои он дар Аврупо паноҳанда шудаанд. Раҳбарони ҳизб даст доштани худро дар ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 рад кардаанд ва онро баҳонаи аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон берун рондани "дуюмин ҳизби сиёсии пуртарафдор" номиданд. Ин ҳизб дар соли 2015 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон ифротгаро ва террористӣ эълон ва фаъолияташ дар қаламрави кишвар манъ шуд.

XS
SM
MD
LG