Ссылки доступа

Вазорати хориҷаи Узбекистон иҷозатномаи кори рӯзноманигори лаҳистониро тамдид накард


Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон тасмим гирифт, ки иҷозатномаи кори хабарнигори телевизиони Al Jazeera Агнешки Пикулитскаро тамдид накунад.

Дар ин бора Юсуф Кобулҷонов, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Узбекистон иттилоъ дод.

Вай гуфт, "дар робита ба риоя накардани қонунгузории Узбекистон" иҷозатномаи кори рӯзноманигор тамдид карда нашуд.

Пикулитска дар моҳи феврали соли ҷорӣ барои шаш моҳ иҷозатномаи кор гирифта буд. Хабарнигор пештар гуфт, як корманди вазорат аз вай хостааст, ки дар бораи Узбекистон матолиби мусбат таҳия кунад. Пикулитска ҳамзамон афзуд, аз сӯи корманди вазорат таҳқири фишор дидааст.

Агнешка Пикултска дар шаҳри Тошканд зиндагӣ ва барои расонаҳои байналхалқие амсоли The Guardian, Al Jazeera, The Diplomat ва Eurasianet гузориш медод. Вай дар моҳи феврал гуфт, ки як корманди вазорати корҳои хориҷӣ ба ӯ дастдарозӣ кардааст. Як рӯзи баъди ин изҳорот ба вай иҷозатномаи кор дода буданд.

XS
SM
MD
LG