Ссылки доступа

Бедаракшавии президенти мактабҳои туркии "Сапат" дар Қирғизистон


Вазорати умури дохилии Қирғизистон 2 июн хабар дод, ки барои пайдо кардани президенти мактаби байналмилалии "Сапат"-и он кишвар Орхан Инон амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҷараён дорад.

Чанде пеш президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дастур дод, ки ҷустуҷӯи мудири мактаби мазкур пурзӯр карда шавад.

Дар ҳамин ҳол як гуруҳ аз сокинони Қирғизистон бо талаби пайдо кардани Орхан Инон дар назди сафорати Туркия дар Бишкек тазоҳурот доранд. Эътирозгарон мегӯянд, дар бедаракшавии Инон хадамоти махсуси Туркия даст дорад. Дар сафорат ин иддаоро шарҳ надоданд.

Президенти мактаби байналмилалии "Сапат" шаби 1 июн дар Қирғизистон нопадид шуд. Мошини ӯро дар роҳ пайдо карданд. Писари Инон гуфт, он шаб падараш занг зада гуфтааст, дар роҳ ба сӯи хонаашон мебошад.

Орхан Инон зодаи Туркия ва яке аз бунёдгузорони шабакаи мактабҳои "Сапат"-у донишгоҳи "Отатурк Ала-Тоо" мебошад. Ӯ шаҳрвандии Қирғизистонро дорад.

XS
SM
MD
LG