Ба огаҳии Вазорати нақлиёти Узбекистон, 12 микроавтобуси замонавии ширкати қирғизии "Transordo" рӯзи сешанбе дар масири мазкур мусофирбариро оғоз карданд. Ин масири мусофиркашонӣ охирҳои моҳи сентябри соли 2019 боз шуда буд.
Вале соли гузашта ба иллати пандемияи коронавирус равуо дар он қатъ карда шуд. Масири Андиҷон-Ӯш 45 километр дароз аст.
Дар Вазорати нақлиёти Узбекистон гуфтанд, мусофирон, ки аз марзи ду кишвар мегузаранд, бояд натиҷаи озмоиши коронавирусро навро ва шаҳрвандони Узбекистон бояд шиносномаи хориҷӣ дошта бошанд.