Ссылки доступа

Дар соҳилҳои Эрон як киштӣ сӯхта ғарқ шуд


Матбуоти давлатӣ хабар дод, ки рӯзи 2 июн, дар паи сӯхта ғарқ шудани як киштии калони нирӯҳои баҳрии Эрон дар обҳои Халиҷи Уммон тамоми сарнишинони киштӣ наҷот ёфтанд.

Телевизиони давлатии Эрон гуфт, ки киштии нобудшуда “Хорк” ном дошт ва ба иттилои хабаргузории “Форс”, тамоми талошҳо барои наҷоти киштӣ бенатиҷа анҷомид. Телевизиони давлатии Эрон гуфт, ки сӯхтор соатҳои 2-и шаб сар зад, вале сабабаш ҳоло маълум нест.

Киштии ғарқшуда дар соҳилҳои бандари эронии Ҷоск қарор дошт, ки дар 1270-километрии ҷанубушарқи Теҳрон дар гулӯгоҳи стратегии Ҳурмуз қарор дорад. Киштии “Хорк”, ки онро матбуот ҳамчун “киштии тамринӣ” меноманд, дар Бритониё сохта ва соли 1977 ба истифода дода шудааст. Соли 1984 ба ихтиёри Эрон гузашт.

Дар ин охирҳо дар обҳои Эрон чандин ҳодисаи ҷиддӣ рӯй додааст.

XS
SM
MD
LG