Ссылки доступа

Вазорати тандурустии Қирғизистон аз гиёҳдармонии мубталоёни коронавирус даст кашид


Вазири тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Қирғизистон Олимқодир Бейшеналиев 3 июн дар порлумон гуфт, ҳангоми табобати мубталоёни коронавирус дар беморхонаҳои ин кишвар дигар аз решаи гиёҳи аконити иссиқкӯлӣ истифода намешавад.

Вакили порлумони Қирғизистон Достон Бекешев ҳангоми баррасии лоиҳаи ҷудо кардани 1,2 миллиард сом барои хариди ваксинаи зидди коронаврус гуфт, харидории ваксина бо пешниҳоди шумо дар бораи табобати беморон бо гиёҳи маҳаллӣ мухолифат намекунад?

"Шумо худ табиб ҳастед. Изҳоротатон дар бораи аконит тамоми кишварро шарманда мекунад. Ба шумо як машварат медиҳам: ба кори худ ҷиддӣ муносибат кунед", - афзуд вакил.

Олимқодир Бейшеналиев дар посух гуфт, ки дар беморхонаҳои Қирғизистон ҳангоми табобати мубталоёни коронавирус дигар аз аконит истифода намешавад.

Бейшеналиев рӯзи 16-уми апрели имсол дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, маҳлули решаи аконитро, ки дар ин кишвар месабзад ба 300 гирифтори COVID-19 додаанд ва худаш ҳам дар пеши чашми хабарнигорон миқдоре аз он маҳлулро нӯшид. Ӯ гуфт, ин маҳлул “ба сиҳатии инсон зарар надорад.”

Рӯзе пештар аз вазир, раиси ҷумҳур Содир Ҷабборов дар Фейсбук эълон кард, ки кишвараш усули “босамар”-и муолиҷаи COVID-19-ро ёфтааст. Ӯ ҳамчунин бо нашри видеое гуфт, ки нӯшидани маҳлули сарди решаи аконит метавонад, инсонро бикушад.

Дафтари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ пешниҳоди мақомоти Қирғизистонро сахт танқид кард ва гуфт, ҳеч далеле нест, ки нишон бидиҳад, маҳлули решаи аконит, ки гулҳои кабуд дорад, давои ҳаргуна дарде, аз ҷумла коронавирус бошад. Баъзе аз табибони қирғиз ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тарғиби истифода аз решаи аконит бар хилофи қонунҳо дар бораи саломатии омма дар Қирғизистон аст.

Аконит дар Аврупову Осиё, аз ҷумла дар вилояти Шинҷони Чин ва баъзе аз қисматҳои Қирғизистону Қазоқистон месабзад. Баъзе аз мардум бо ин бовар, ки решааш шифобахш аст, онро чой мекунанд ва ё дар хӯрокашон меандозанд, аммо дар асл решаи аконит заҳрогин буда, сабаби беморӣ ва ё ҳатто марги инсон мешавад.

XS
SM
MD
LG