Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфт, ин суҳбат бо ташаббуси ҷониби Канада сурат гирифтааст. Ду вазир вазъи атрофи кони тилои Қумтори Қирғизистонро баррасӣ карданд.
"Руслан Казакбоев гуфт, дар Қирғизистон аз сармоягузороне истиқбол мекунанд, ки қонунгузории миллиро эҳтиром мекунанд ва бо муҳити атроф муносибати солим доранд", - хабар доданд аз вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон.
Порлумони Қирғизистон рӯзи 17 май ба девони вазирон дастур дод, ки дар ширкати "Қумтор Голд Компани" мудирияти муваққат ҷорӣ кунад.
Кони тилои Қумторро дар Қирғизистон ширкати канадагии Centerra Gold Inc. коркард мекунад. Ин ширкат аз тасмимҳои охир дар Қирғизистон нигарон аст. Ширкат гуфт, ба додгоҳи ҳакамии байналхалқӣ шикоят хоҳад бурд.
Қумтор калонтарин кони тилои Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Қирғизистон дар ин кон 26 дарсад саҳм дорад.