Ссылки доступа

Дар Хоразми Узбекистон мақомоти андоз "коргарони соягӣ"-ро сабт мекунанд


Як гуруҳи корӣ аз намояндагони ҳукумати вилояти Хоразм, идораи андоз ва раёсати шуғли аҳолии Узбекистон фаъолияти 420 ширкатро санҷида, садҳо коргари соягиро сабт кардаанд, ки маош гирифта, аммо андоз намепардохтанд.

Як манбаъ аз ҳукумати вилояти Хоразм гуфт, "ҳадафи ин гуна рейдҳо таъсиси ҷойҳои нави корӣ тавассути қонунигардонии коргарон аст".

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ҳанӯз 2 августи соли 2019 ба зердастонаш дастур дода буд, ки тавассути қонунигардонии коргарони соягӣ ҷойҳои нави корӣ офаранд.

Ин дар ҳолест, ки як соҳибкор аз ноҳияи Багати вилояти Хатлон шикоят дорад, "кормандони мақомоти андоз бо пешниҳоди қонунигардонии фаъолият ӯро маҷбур кардаанд, коргарони иловагиро ба кор гирад".

XS
SM
MD
LG