Иштирокдорони ҳамоиши эътирозӣ мегӯянд, барои шахсе, ки Инонро пайдо мекунад, 1 миллион доллари амрикоӣ хоҳанд дод.
"Ба касе, ки Инонро пайдо мекунад, аз номи хатмкунандагони мактаб 1 миллион доллар мукофот дода мешавад. Умедворем, расонаҳо ин хабарро паҳн хоҳанд кард", - гуфт яке аз иштирокдорон, ки бо баландгӯяк суханронӣ мекард.
Бедаракшавии президенти мактаби байналмилалии "Сапат" вокунишҳои тундеро дар ҷомеаи Қирғизистон ба бор овардааст. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ҳатто дастур дод, ки ҷустуҷӯи мудири мактаби мазкур пурзӯр карда шавад.
Ҷонибдорони Орхан Инон иддао доранд, ки дар бедаракшавии Инон хадамоти махсуси Туркия даст дорад.
Президенти мактаби байналмилалии "Сапат" шаби 1 июн дар Қирғизистон нопадид шуд. Мошини ӯро дар роҳ пайдо карданд. Писари Инон гуфт, он шаб падараш занг зада гуфтааст, дар роҳ ба сӯи хонаашон мебошад.
Орхан Инон зодаи Туркия ва яке аз бунёдгузорони шабакаи мактабҳои "Сапат"-у донишгоҳи "Отатурк Ала-Тоо" мебошад. Ӯ шаҳрвандии Қирғизистонро дорад.