Ссылки доступа

Боздошти ду марде, ки аз номи бародари президенти Қирғизистон $1,2 млн пора талаб карданд


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, ду нафареро бо гумони қаллобӣ боздошт кардааст, ки аз номи бародари президенти он кишвар Собир Момунов мехостанд, сӯистифода кунанд.

Ба огаҳии кумита, ин ду нафар гӯиё мехостанд, аз шаҳрванд М.Т.А. барои ҳалли мушкили контенейрҳои бандмондаи мол дар Қазоқистон 1 миллиону 250 ҳазор доллар бигиранд.

Гумонбарон 3 июн баъди гирифтани як қисми маблағ боздошт шуда, ҳоло зиддашон бо банди "Қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон" парванда боз шудааст.

Кумита гуфтааст, алайҳи онҳое, ки бо мақсадҳои ҷиноӣ аз "номи мансабдорони давлатию наздиконашон" сӯистифода мекунанд, чораҳои қатъӣ андешида мешавад.

Пештар хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон хабар дода буд, ки ҳолатҳои сӯистифода аз номи президенту наздиконаш афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG