Нозгул Жамгирчиева, сухангӯи шаҳрдории Бишкек гуфт, корпартоии мусофиркашонҳо қатъ ва нақлиёти ҷамъиятӣ дубора ба кӯча баромад.
"Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи боло рафтани роҳкорӣ то 15 сом (муодили тақрибан 2 сомонӣ) хабар дода мешавад. Расман тарофаҳои пешин, яъне 10 сом барои аз як нуқта ба нуқтаи дигар рафтан амал мекунанд. Агар сокинон ба ҳолатҳои аз меъёр зиёдтар талаб кардани роҳкиро шуданд, метавонанд ба мақомот муроҷиат кунанд", - гуфт Жамгирчиева.
Вай илова кард, ки масъала тағйир додани тарофаҳоро маҷлиси вакилони шаҳри Бишкек ҳал мекунад.
Рӯзи 2 июн ронандагони нақлиёти ҷамъиятии навъи минибусҳо дар шаҳри Бишкек бо талабо боло бурдани тарофаҳои роҳкиро корпартоӣ карданд. Ронандагон боло бурдани роҳкироро аз 10 соми кунунӣ то ба 15 сом талаб доранд.