- Чӣ гуна Зоҳид дар Амрико кори хуб ёфт? Тақрибан 40 дар сади бештар аз 617 ҳазор пул дар Амрико бештар аз 50 сол доранд ва 46 ҳазор адади онҳо фарсудаву хатарнок шудаанд. Барои маълум кардани нуқсу камбудиҳои ин пулҳо як гуруҳи нозирон ва ё муҳандисон ҳастанд ва яке аз ин муҳандисон ҳамроҳӣ кард, ки зодаи Узбекистон аст. (видео)
- Чаро сафи "занҳои дувум" дар Тоҷикистон кам намешавад? Айби занҳо ё мардҳост, ки бо вуҷуди ғайриқонунӣ будан сафи занҳои ба истилоҳ дувум дар Тоҷикистон кам намешавад. Баъзе аз ин занон ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки фарзандони онҳо насаби падари худро гирифта наметавонанд ва ҳам аз ҳаққи мерос маҳруманд. Дар навор бинед, ки корбарон чӣ гуфтанд. (видео)
- Дар ноҳияи Восеъ тундбод дарахтҳоро решакан ва боми хонаҳоро тахриб намуд (видео)
- Сокинони ноҳияи Дӯстӣ ба дучархасаворӣ муҳаббати хос доштаанд. Имрӯз дар ҷаҳон ҳамчун рӯзи велосипедронӣ ва ё дучархаронӣ дониста мешавад. Дар Тоҷикистон ҳоло велосипедронӣ бештар хоси онҳоест, ки дар фикри беҳбуди саломатии худ ҳастанд. Ба фарқ аз ноҳияи Дустӣ ки дучарха ба дастёри хурду бузургаш табдил ёфтааст (видео)
- Блогери шинохта тасмим гирифтааст фаъолияташро қатъ кунад. Блогери шинохта Файзалӣ Сафров аз норҳияи Сангвор тасмим гирифтааст фаъолияташро қатъ кунад (видео)
- Кӯдакони гирифтори саратон дар Тоҷикистон чӣ ҳол доранд? Пизишкон мегӯянд, солҳои охир гирифтории кӯдакону наврасони тоҷик ба бемории саратон афзудааст. Ба иттилои расмӣ, беш аз ҳазор кӯдаку наврас аз ин беморӣ азият мекашанд. Онҳо чӣ вазъ доранд, дар ин видео бинед. (видео)
- Сокинони маҳаллаҳои офатзадаи Кӯлоб масолеҳи сохтмон мехоҳанд, на ғизо. Баъзе сокинони маҳаллаҳои офатзадаи шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат бо Маҳмудҷон Раҳматзода гуфтаанд, ки то ба ҳол натавонистаанд ба хонаҳояшон баргарданд. Ба қавли онҳо давлат ба онҳо каме маводи ғизоӣ тақдимкард, вале ба онҳо масолеҳи сохтмонӣ зарур аст. (видео)
- Сигору нос бо инсон чӣ кор мекунанд? Чанд рӯз пеш аз Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку, ки ҳар сол 31-уми май таҷлил мешавад, Радиои Озодӣ аз раҳгузарон дар Хатлон пурсид, ки сигор мекашанд, ё не ва дар бораи зиёни он чӣ медонанд (видео)