Ссылки доступа

Пирӯзии варзишгари қазоқистонӣ бар теннисбози маъруф Серена Уилямс


Теннисбози қазоқистонӣ Елена Рибакина ба марҳилаи чаҳорякфинаи Чемпионати бози Фаронса оид ба теннис, ки бо номи "Ролан Гаррос" ҳам маъруф аст, роҳ ёфт.

Ӯ дар даври чаҳорум варзишкори амрикоӣ Серена Уилямсро бо ҳисоби 6 : 3 ва 7 : 5 шикаст дод. Уилямс дар раддабандии ҷаҳонӣ дар мақоми ҳаштум қарор дорад.

Рибакинаи 21-сола бори аввал аст, ки ба марҳилаи чаҳорякфинали мусобиқаи мазкур роҳ меёбад.

Қарор аст, варзишагри қазоқистонӣ дар марҳилаи навбатӣ бо теннисбози рус Анастасия Павлюченкова, ки дар раддабандии ҷаҳонӣ дар мақоми 32-ум аст, вориди рақобат шавад.

Рибакина нахустин варзишгари қазоқ аст, ки теннисбози маъруфи амрикоӣ Серена Уилямсро шикаст медиҳад.

Елена Рибакина зодаи Русия буда, аз соли 2018, баъди дарёфти шаҳрвандии Қазоқистон дар мусобиқаҳо аз номи ин кишвар баромад менамояд.

XS
SM
MD
LG