Ссылки доступа

Қазоқистон эълон кард, ки ба Тоҷикистон беш аз 3 миллион тир медиҳад


Ҳукумати Қазоқистон тарҳи қарореро нашр кард, ки мувофиқи он ба Тоҷикистон беш аз 3 миллион тири қутрашон гуногун тақдим мекунад. Баррасии тарҳ дар Қазоқистон то 17-уми июни имсол идома хоҳад дошт. Мақомоти Тоҷикистон дар ин маврид иттилое надодаанд.

Дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Қазоқистон 5-уми июн дар изҳороте гуфт, дар ин бора ҳанӯз дар нимаҳои моҳи апрели имсол миёни Душанбеву Нурсултон созишнома имзо шудааст.

Пас аз анҷоми ҷанбаҳои ҳуқуқии масъала, Қазоқистон ба Тоҷикистон

  • 3 миллион дона тири қутраш 5,44-миллиметрӣ;
  • 20 ҳазор тири қутраш 23-миллиметрӣ;
  • 10 ҳазор тири қутраш 82-миллиметрӣ медиҳад.

Тибқи созишнома, Қазоқистон тавассути роҳи оҳан оварда расондани тирҳоро ба Тоҷикистон аз ҳисоби худ ба уҳда гирифтааст. Тоҷикистон дар навбати худ уҳдадор шудааст, ки ин муҳиммотро ба ҷониби севум нахоҳад дод.

Тоҷикистону Қазоқистон, ду кишвари собиқи Шӯравӣ, равобити дипломатиро соли 1993 шуруъ кардаанд. Душанбе аз ин кишвари нафтхези Осиёи Марказӣ бештар ғаллаву газ мегирад.

Созиши охир дар ҳоле ҳосил шудааст, ки раиси ҷумҳурии Қазоқистон, Қосимҷомарт Тоқаев, рӯзи 19-уми майи имсол бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дошт. Ду тараф гуфтанд, ки вазъи ноором ва авҷ гирифтани хунрезӣ дар Афғонистон, инчунин, рушди равобит ва афзоиши додугирифтро баррасӣ карданд. Он замон дар бораи ёрии ҳарбӣ чизе гуфта нашуд.

Аз он пеш, дар охири моҳи апрел, Қазоқистон барои хатми низоъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон даъват карда буд. Дар ин даргирии мусаллаҳона, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрели имсол дар сарҳад рӯй дод, аз ду ҷониб даҳҳо кас кушта ва садҳо нафар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG